24 ноябри соли 2025 cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода дар доираи сафари кории худ ба Муғулистон бо узви Хурали Бузурги Давлатии Муғулистон, раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Муғулистон ва Тоҷикистон О. Алтангерел мулоқот кард. Зимни он масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва тақвияти фаъолияти Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ шуданд.
Худи ҳамон рӯз cафири кишвар бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Муғулистон Б. Лхагважав мулоқот кард ва дар рафти он масъалаҳои марбут ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷустуҷӯи роҳҳои логистикӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan