Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Кипр

20.11.2025 10:34

19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел, дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Шӯрои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи фарогири мушорикати Точикистону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дурнамои рушди муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва маориф низ баррасӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим