Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи кули СММ оид ба корҳои башардӯстӣ

01.11.2016 18:40

1 ноябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулодва ва Мухтори Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кули СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ доир гардид.

Зимни мулоқот номбурда аз истиқболи ҷониби тоҷикистонӣ ҳангоми сафари ҳайати ташкилотҳои хайриявии Кувайт изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки "барои мо боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон чунин як роҳбари ғамхор, оқил, шахси хеле самимӣ ва хоксорона дорад".

Ҳамзамон дар ин мулоқот самтҳои рушди ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла аҳамияти табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои гуногун, инчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи амалҳои гуманитарию хайриявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Нигористон

Тақвим