Мулоқот бо Директори генералии Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб

01.11.2016 18:38

1 ноябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Директори генералии Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳҳоб ал-Бадр сурат гирифт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ин ҳамкориҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди манфиати ҳамдигарро баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим