Муносибатҳои Тоҷикистон бо Австрия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия 25 марти соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) Герҳард Сайллер мебошад.

Соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.

Соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон барпо гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия машваратҳои сиёсӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.    

Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Аз соли 1972 Клагенфурт ва Душанбе бародаршаҳр мебошанд.

Нигористон

Тақвим