Семинари омӯзишӣ дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ дар Вазорат

12.11.2025 18:52

12 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи: “Раванди таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ”  баргузор  гардид.

Ҳадафи асосии семинар - баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳаи робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти ҳамоҳангсозӣ  дар татбиқи сиёсати хориҷии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ минбаъд низ идома меёбад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим