10 ноябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Москва) ҷаноби Алехандро Ариас Сарсуэларо қабул намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати роҳандозиии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Доминикана дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ ишора карда, бахусус имкониятҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва “энергияи сабз”, таъсиси механизми машваратҳои сиёсӣ ва густариши шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро тазаккур доданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Ҷумҳурии Доминикан дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон комёбӣ орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan