10 ноябри соли 2025 cафири навтаъйини Подшоҳии Дания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Йеспер Вар нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин супорид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Дания табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба cафири нави Подшоҳии Дания дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш барору комёбӣ орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan