Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Туркия

28.10.2016 15:00

25 октябри соли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Туркия Ниҳат Зейбекҷӣ баргузор гашт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ин ҳамкориҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди манфиати ҳамдигарро баррасӣ намуданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии муносибат ва ҳамкориҳо ҷонибҳо ба мавҷудияти имкониятҳои бештар ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Туркия

Нигористон

Тақвим