26 октябри 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Роҳбари тозатаъйини минтақавии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ хонум Ясуко Одаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани иштирок намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди эхтимом табодули назар карданд.
