Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

 

Сафорати Тоҷикистон дар Париж ҳамзамон (аз моҳи апрели соли 2018) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) мебошад.

 

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло (аз моҳи январи соли 2018) мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран (аз моҳи феврали соли 2021) мебошад.

 

Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

 

Ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат махсусан оғоз аз соли 2002 то соли 2013, яъне дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба таври васеъ инкишоф ёфтанд.

 

Аз абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа ва ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар, ҳамоишҳои соҳибкорони ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.

 

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ

 

Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

16 марти соли 2022 “Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса барои солҳои 2021-2026”, ки қаблан аз тарафи Вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Ив Ле Дриан имзо шуда буд, аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба имзо расонида шуд.

 

Ташрифҳои мутақобила

 

Моҳи марти соли 1992 – Ташрифи котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ ҷаноби Ален Вивен ба шаҳри Душанбе. Дар рафти ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид;

 

Моҳи феврали соли 1999 – Вазири ҳамкорӣ ва франкофонияи Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Шарл Жосселан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф кард;


Моҳи январи соли 2002 – ташрифи Вазири мудофиаи Фаронса ҷаноби Ален Ришар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Моҳи сентябри соли 2002 – ташрифи Вазири корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Доминик де Вилпен ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Моҳи декабри соли 2002 – Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса;

 

Моҳи декабри соли 2003 – ташрифи Вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио Мари;

 

Моҳи майи соли 2004 – ташрифи Вазири савдои берунаи Фаронса ҷаноби Франсуа Лоос;

 

Моҳи октябри соли 2005 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО. Дар доираи сафар Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид; 

 

Моҳи апрели соли 2008 – ташрифи вазири корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Бернар Кушнер;

 

29 марти соли 2017, бо даъвати Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Фаронса ҷаноби Жан-Марк Эро, дар ш.Париж вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса барпо гашт;

 

23 ноябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Директори Департаменти Аврупои Континенталии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Аврупои Ҷумҳурии Фаронса хонум Флоранс Манжанро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаронса муҳокима гардиданд;

 

18 апрели соли 2019 сафари расмии Котиби давлатӣ оид ба савдои беруна, сайёҳӣ ва Франкофонияи Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки зимни он мулоқотҳои ӯ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин доир гардида, ташрифи мазкур ба муколамаи сиёсӣ ва пешбурди масоили мубрами ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза бахшид; 

 

7-12 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифт, ки дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвари давлати тоҷикон бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон, вохӯрӣ бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Фаронса, мулоқотҳои Пешвои миллат бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва инчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса анҷом ёфта, ҳамзамон Президенти кишвар дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Боздиди мазкури Роҳбари давлати тоҷикон ба Париж равобити Тоҷикистону Фаронсаро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар маҷмуъ дар доираи сафар 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳамёрии ду кишварро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, сиёсати хориҷӣ, маориф, илм ва бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат ба танзим медароранд;

 

12-14 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба ш.Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд, ки зимни он маросими бошукуҳи истиқболи расмии Роҳбари давлати тоҷикон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, музокироти сатҳи олии Президенти кишвар бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ва мулоқотҳо бо Раиси Сенати Фаронса ҷаноби Жерар Ларше, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле барпо шуда, Пешвои миллат дар якҷоягӣ бо Президенти Фаронса ҷаноби Э.Макрон рӯзи 13 октябр ба Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж расман ҳусни ифтитоҳ бахшида, санаи 14 октябр ҳамроҳи Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй, Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ва дар ҳузури ҳайати дипломатӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими ш.Париж, ашхоси расмӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Фаронса дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (бо шумули Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон ва чорабинии идонаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки васеи устодони санъат ва ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар) ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Муносибатҳои байнипарлумонӣ

 

Миёни Тоҷикистону Фаронса робитаҳои хуби байнипарлумонӣ вуҷуд дошта, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳар ду палатаи Парлумони Фаронса зимни мулоқот ва сафарҳои мутақобила масоили рушди робитаҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Байни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд.

 

5-8 июни соли 2022 ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии раиси гурӯҳ сенатор Эрве Море бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба, баррасии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, масоили башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Ҳайат низ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе иштирок кард. ташриф овард. Зимини сафар мулоқоти ҳайат бо бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, раиси Гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни боздид аз Қалъаи Хумб баргузор гардиданд. Дар вохуриҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва амниятӣ

 

Боздидҳои вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳарбии ду кишвар мебошанд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин созишнома низомиёни тоҷик ҳар сол дар машқҳо ва чорабиниҳо, ки тибқи нақшаи ҳамкории ҳарбӣ баргузор мешаванд, иштирок намуда, донишҳои зарурӣ мегиранд.

 

Ҳамкориҳо дар соҳаи илму фарҳанг

 

Тоҷикистон ва Фаронса муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг, илму техника ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд. Дар заминаи созишномаи мазкур дар ш.Душанбе Маркази фарҳангии "Бохтар" (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии "Бохтар" курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

 

Бо мақсади нигаҳдории руҳияи ватанпарастиву ваҳдати миллӣ ва тамосу робитаҳои доимӣ бо тоҷикони муқими Фаронса, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таблиғу тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги тоҷик дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими Фаронса "Равзана" ва Ассотсиатсияи донишҷӯёни тоҷик дар Фаронса фаъолият менамоянд.

 

31 августи соли 2017 дар ш.Париж Созишномаи қолабии ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна ба имзо расид. Мувофиқи созишнома, ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олӣ аз рӯи фанҳои сайёҳӣ, менеҷмент ва иқтисодиёти корхонаҳо ва ҷуғрофия ба роҳ монда мешаванд.

 

Шурӯъ аз 3 октябри соли 2013 дар Институти миллии забонҳои шарқии Ҷумҳурии Фаронса забони тоҷикӣ ба барномаи таҳсил таҳти унвони "забон ва фарҳанги тоҷикӣ" ҷорӣ гардидааст.

 

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии "Бохтар" (ш.Душанбе) дафтари барномаи Агентии таҳсилоти олии "Campus France" кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.

Дар давраи аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин Намоиш санаи 13 октябри 2021 бо иштироки сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон сурат гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон ва ҳайати ҳамроҳаш таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди он дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати волои миллати тоҷик дар осорхонаи Гиме 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон (аз ҷумла осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад), инчунин чанде аз нигораҳои беназири “Хазинаи Амударё” аз Осорхонаи Британия (Лондон) дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса ва Аврупо нишон дода шуданд. Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки ба туфайли нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод - “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён”, “Давлати Сосониён” ва  “Давлати Сомониён” ғанӣ гардонанд. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш гардид.

 

Муносибатҳои иқтисодӣ

 

Гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Фаронса дар моҳҳои январ-майи соли 2022 60,118.5 ҳазор доллари ИМА буда, 31 ҳазор содирот ва 60087.5 воридот аст.

 

 

 

 

                                                                                                                                                                                                                                                                                   Июн, 2022 

 

Нигористон

Тақвим