Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи якуми Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ

26.10.2016 09:20

25 октябри соли 2016 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Кумитаи якуми Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ бо изҳороти муштарак аз номи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи таъсиси минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ (CANWFZ) бахшида шуда буд, суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ, Намояндаи доимӣ қайд кард, ки минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин минтақа аст, ки комилан дар нимкураи шимолӣ ва минтақаи маҳсур дар хушкӣ ҷойгир мебошад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки минтақаи мазкур дар татбиқи Созишнома оид ба манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (NPT), раванди ҷаҳонии халъи силоҳ ва инчунин ташаккули механизми амнияти минтақавӣ саҳми воқеӣ гузоштааст.

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи якуми Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим