25 октябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнат Гош ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ сафирони кишварҳои мазкур даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Афғонистонро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё –Раванди Истамбул”, ки 4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, тақдим намуданд.
Атрофи рӯзномаи конфронси мазкур ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмини сулуҳ субот ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
