Мулоқот бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир

25.10.2016 11:53

25 октябри соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дустии парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир  Найҷел Миллс ва ҷаноби Ҷон Маннро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиро оид ба густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз намуданд.

Мулоқот бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир

Нигористон

Тақвим