20 октябри соли 2016 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Вазири оила ва сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия хонум Фатма Бетул Саян баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба оила, нақши занон дар ҷомеа, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, сиёсати гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо, инчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар ин соҳаҳо баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати тавсеаи заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар масъалаҳои оила, ҳуқуқи занон ва мубодилаи таҷриба баён карданд.
