Муносибатҳои Тоҷикистон бо Канада

25.06.2020 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада 1 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николя Бруссо (20 ноябри соли 2017) мебошад.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада ҷаноби Ҷастин Трюдо 21 сентябри соли 2017 дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба рушди муносибатҳои дуҷониба саҳми муҳим дошт. Зимни он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, амният ва идоракунии сарҳад мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба пешбурди муносибатҳо вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва Лоренсо Кэннон, инчунин сафари котиби парлумонии Вазорати корҳои хориҷии Канада Дипак Обҳрай ба Тоҷикистон низ мусоидат намуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Канада тариқи Агентии рушди байналмилалии Канада (CIDA) дар чаҳорчӯби барномаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф бар роҳ монда шудааст. Агентӣ дар кишвар ба воситаи Бунёди Оғохон фаъолият менамояд.

25.06.2020

Нигористон

Тақвим