Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ

19.10.2016 13:12

18 октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд дар чаҳорчӯби иҷлоси 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (ММДБ) ҷаноби Петко Драганов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ММДБ дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ, раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои Марказ барои кишварҳои минтақа, инчунин ҷалби Афғонистон ба ташаббусҳои марбут ба ҳамгироии минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим