11 июли соли 2025 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Душанбе хонум Саломе Штайбро бинобар ба итмом расидани маъмурияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойгузини мавсуф хонум Дениз Лютиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсарияро баланд арзёбӣ карда, роҷеъ ба рушд ва таҳкими минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Саломе Штайб дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият орзу намуда, ба роҳбари нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барору комёбӣ таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan