Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Луис Франсиско Мартинес Монтес (бо иқоматгоҳаш дар ш. Остона аз 19 феврали 2025) мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Шараф Шерализода (бо иқоматгоҳ дар ш. Женева) мебошад.
Соли 2007 вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф оварда бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ мулоқот кард.
Соли 2010 зимни сафари навбатии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат дар ҳоли густариш қарор дорад.
Ҳаҷми гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар 11 моҳи соли 2024 тақрибан 5 млн доллари ШМА-ро ташкил дод.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.
13.03.2025