6 июни соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав дар ҳошияи муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ доир гардид.
Ҷонибҳо имкони арзишманди мубодилаи афкорро дар доираи муносибатҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баррасӣ карданд. Қайд гардид, ки Муколама ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мусоидат намуда, барои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва истифодабарии захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ заминаҳои нав фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки рушди босуръати иқтисодиёт ҳамчун пойгоҳи муҳим барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фанноварии иттилоотӣ дониста шуд. Аз ин лиҳоз, истифодаи самараноки имконияту иқтидори мавҷудаи муколама дар ин соҳаҳо байни ҷонибҳо таъкид гардид.