Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ

31.05.2025 09:58

31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳоро дар татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ таъкид карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим