20 майи соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Насредин ва роҳбари Котиботи Конфронс С. Бойзода дар робита ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025, шаҳри Душанбе) баргузор гардид.
Дар брифинг оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла тасдиқи иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, пажӯҳишгоҳҳо, инчунин раванди таҳияи санадҳои ниҳоии Конфронс, мушаххассоти барномаи чорабинӣ маълумоти муфассал манзур гардид.
Ҳамзамон ба таваҷчуҳи иштирокдорон маълумоти тадорукотию логистикӣ оид ба Конфронси ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan