Ширкати вазири корҳои хориҷӣ дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон

19.05.2025 12:26

18 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон ширкат ва суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва  ҳамкориҳои густурдаро тақозо мекунад. Бино бар ин, дар суханронӣ зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид гардид.

Дар идомаи суханронӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ва мавқеи кишварро доир ба ҳалли бӯҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён кард.

Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ширкати фаъолона дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим