Маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Шри-Ланка

16.05.2025 16:50

15 майи соли 2025 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке супорид.

Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Шри-Ланка расонид.

Президенти Шри-Ланка ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Пас аз маросими мазкур мулоқоти cафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ, шуғл ва сайёҳии Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди татбиқи санадҳои имзошуда байни ду давлат ва ба роҳ мондани фаъолияти механизмҳои машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим