15 майи соли 2025 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо рафти амалисозии қарордодро аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода, ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо, бахусус афзоиши гардиши савдои дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот, Самир Шарифов иттилоъ дод, ки дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун роҳбари ҳайати Озарбойҷон иштирок менамояд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan