14 майи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Нико Схермерсро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф баррасӣ карданд.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба вежа таҳдиду чолишҳои замони муосир аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмади онҳо, мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan