13 майи соли 2025 дар Қасри Президентии Ҷумҳурии Чех маросими супоридани эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех бо қароргоҳ дар Берлин, Имомудин Сатторов, ба Президенти ин кишвар муҳтарам Петр Павел баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Чех ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.
Дар ҷараёни суҳбат табодули афкор оид ба самтҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan