13 майи соли 2025 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид.
Зимни машваратҳои навбатӣ, ҷонибҳо омодагии худро баҳри густариши ҳамкориҳо, тақвияти тамосҳои байниидоравӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея иброз доштанд.
Ҳамчунин ҳайати Ҷумҳурии Корея аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ба ҳузур пазируфта шуд. Дар рафти вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея, самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan