7 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо оид ба вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan