Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Юнон
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон 30 сентябри соли 1992 барқарор шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Москва аз соли 2023) Екатерини Ксагорари мебошад.
Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). 20 майи соли 2008 машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон дар ш. Душанбе баргузор гардиданд. Тибқи барнома, ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба, вазъи сиёси-иҷтимоӣ ва вазъияти иқтисодӣ дар ҳар ду кишвар, мавзӯи ҳамкориҳои минтақавӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Юнон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили САҲА ва СММ, табодули назар карданд.
1 декабри соли 2009 дар шаҳри Афина дар чаҳорчӯби 17-м вохӯрии вазирони САҲА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Юнон ҷ-би Георг Папандреу мулоқот намуд. Зимни мубодилаи афкор тарафҳо ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Юнон, хусусан дар соҳаи иқтисод ва савдо, инчунин масъалаҳои дигари минтақавӣ аҳамияти асосӣ зоҳир намуданд.
Муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ. Бахшҳои асосии содирот пахтаи маҳинах, сангҳои қиматбаҳо ва алюминий мебошад. Ва бахшҳои асосии воридот аз маҳсулоти химиявӣ, лавозимоти механикӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои лафозимоти саноати бофандагӣ ва ғайра иборат аст.
Ҷиҳати вусъат додани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Юнон имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд. Яке аз онҳо ин гузаронидани Бизнес-Форум байни тоҷирони Тоҷикистону Юнон мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар моҳи январ – ноябри соли 2023 – 194,9 ҳазор доллари ИМА (воридот – 194,9 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.
Маҳсулоти асосии воридот – техникаю таҷҳизот, масолеҳи сузишворӣ ва ғайра.
Пояи ҳуқуқӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории ҳарчи зудтари бунёди пояи қарордоду ҳуқуқии зарурии Тоҷикистону Юнон мебошад.
Декабр, 2023