22 сентябри соли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Кемал Айдин баргузор гардид. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибат ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамзамон, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои фарогири мутақобилан судмандро таъкид намуда, барои фаъол намудани абзорҳои мавҷуда, аз қабили Шурои ҳамкорӣ, Комиссияи муштараки иқтисодӣ-тиҷоратӣ, комиссияҳои байниидоравӣ, анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамин тартиб мувофиқа ҳосил гардид, ки Сафорат ва сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо минбаъд ба ҳамоҳангиҳо идома хоҳанд дод.
