25-26 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» иштирок кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ мавқеи кишварро роҷеъ ба таҳкими баъдии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи қолаби мазкур ва омодагӣ ба баргузории Саммити сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Чин” ироа намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Изҳороти иттилоотӣ аз натоиҷи нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» қабул гардид.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan