23 апрели соли 2025 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин ташкили давраҳои омӯзишӣ ва табодули таҷрибаомӯзиро барои дипломатҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, санади ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan