22 апрели соли 2025 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсати консулӣ, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардорони шуъбаҳои Вазорат, директори генералии КВД “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва директори Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 3 моҳи соли 2025 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan