21 апрели соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Давлати Қатар доктор Исо ал-Ҷуфолӣ ал-Нуаймӣ баргузор гардид.
Масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ, танзими курсҳои такмили ихтисос ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом, вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо ва роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ табодули назар сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan