Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ

23.09.2016 13:30

22 сентябри 2016 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Директори иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ Жан Пол Лаборд мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сохторҳои тахассусии СММ оид ба мубориза бо терроризм ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба масъалаҳои рушди минтақавӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳои зуҳуркунанда ба сулҳу субот дар минтақа табодули назар карданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим