Мулоқоти сафир бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар

18.04.2025 18:13

17 апрели соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Субайъӣ баргузор гардид. 

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва натиҷаҳои манфии он, роҳҳои коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидорҳои соҳавии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, иштироки ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки санаҳои 29-31 майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муҳокима гардид.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ доир гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда нақшагузорӣ карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим