22 сентябри 2016 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мушовири махсуси Дабири Кулли СММ оид ба маблағгузорӣ барои рушд Филип Дуст-Блази мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди лоиҳаҳои инноватсиониро баррасӣ намуданд.
