Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муғулистон

17.04.2025 13:45

17 апрели соли 2025 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардид.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҷониби Муғулистонро котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ Мунхтушиг Лханааджав роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳои навбатӣ, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро баҳри густариши ҳамкориҳо, тақвияти тамосҳои мустақим, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ  миёни Тоҷикистону Муғулистон иброз доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим