16 апрели соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок намуд.
Зимни суханронии худ Исматулло Насредин роҷеъ ба аҳаммияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, энергетика, варзиш ва сайёҳӣ таъкид намуда, тақвият ва густариши равобит дар самтҳои мазкурро муҳим арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки дар асоси ташаббуси охирин ва қатъномаи дахлдори СММ cоли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Ба ин муносибат, Тоҷикистон нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 29-31 май дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Дар ин робита, И. Насредин ҳозиринро барои иштироки фаъол дар ин конфронси байналмилалии сатҳи баланд даъват кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan