Таҷлили ботантанаи 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кувайт

16.04.2025 14:35

15 апрели соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт башхида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт бо иштироки муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт пазироии расмӣ доир карда шуд.

Дар суханронии худ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки “тули се даҳсола робитаҳои бародаронаи Тоҷикистон ва Кувайт бар асоси эҳтироми якдигар, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва талошҳои муштарак баҳри таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва сартосари ҷаҳон шоҳиди рушди бемайлон гардид”.

Таъкид гардид, ки табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла муколамаи сиёсии сатҳи олӣ дар доираи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, алалхусус гуфтушунидҳо бо Амири Давлати Кувайт Аълоҳазрат Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ барои густариши робитаҳои фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мусоидати назаррас менамояд.

Дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони бурунмарзӣ, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма ба таври васеъ иштирок намуданд.

Шоёни зикр аст, ки дар рафти пазироии расмӣ  маросими муаррифии китоб бахшида ба 30 солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар зери унвони “Тоҷикистон ва Кувайт дар тули 30 сол” сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим