22 сентябри соли 2016 дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ширкат варзид.
Зимни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмони мазкур, инчунин масъалаҳои тадорукотии Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ACD, ки моҳи октябри 2016 дар Бангкок баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
