22 сентябри 2016 дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ аз идомаи низоъ дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан минтақаи СҲИ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур аз кишварҳои аъзои СҲИ даъват кард, ки дар ин самт чораҳои муштараки муассир андешанд.