11 апрели соли 2025 дар шаҳри Алмато вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок кард.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи татбиқи тавофуқоти ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамоиши аввали сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ки моҳи октябри соли 2022 баргузор шуда буд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зимни ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи қолаби ҳамкории «ОМ – Русия» аҳамияти вежа дода, онро ҳамчун як арсаи қобили дурнамо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин, дар суханронӣ мавқеи Тоҷикистон нисбат ба масъалаи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи қарорҳои роҳбарони кишварҳои қолаби мазкур баён гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan