Иштирок дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

23.09.2016 05:23

22 сентябри 2016 дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои калидии Созмон, иқдомҳои муштараки кишварҳои аъзои СААД дар чаҳорчӯби СММ, инчунин масъалаҳои ҳамкории СААД бо ниҳодҳои дахлдори СММ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим