11 апрели соли 2025 дар шаҳри Алмато зери раисии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.
С.Муҳриддин самтҳои авлавиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ИДМ дар соли 2025 баён намуда, ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши масирҳои нақлиётию логистикӣ, рушди равобити гуманитарию фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон тамаркуз кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират зоҳир гардид ва роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон зарурати такмили заминаи меъёрию ҳуқуқиро дар ин соҳа, аз ҷумла суръат бахшидан ба мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳое, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, таъкид намуд.
Вобаста ба мавзӯи амният, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмон масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои киберӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳоеро, ки ба пойдории субот ва рушди ҳамкориҳо дар ИДМ таҳдид мекунанд, баррасӣ намуданд.
Дар доираи омодагӣ ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таваҷҷуҳи махсус ба масоили таҳияи ҳуҷҷатҳои мақсадноки миллӣ ва баргузории чорабиниҳои мавзуӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърих ва дастгирии собиқадорон нигаронида шудааст, зоҳир гардид.
Аз натиҷаи ҷаласа якчанд қарорҳои муҳим, ки ба беҳбуди минбаъдаи фаъолияти мақомоти ИДМ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви Созмон нигаронида шудааст, ба имзо расонида шуд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 9 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan