Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози вежаи Котиботи давлатии ИМА оид ба захираҳои об

23.09.2016 05:16

22 сентябри соли 2016 дар ш. Ню Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози вежаи Котиботи давлатии ИМА оид ба захираҳои об ҷаноби Аарон Залсберг баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим