Вазорати корҳои хориҷӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуд

08.04.2025 00:10
  •  

5 апрели соли 2025 дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чорабинии идона баргузор гардид.

Ба чорабинӣ ҳамзамон намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе даъват гардида, аз намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, намунаҳои чакан, атласу адрас, асбобҳои суруду мусиқӣ, нигораҳо, либосҳои миллӣ ва ҳунарнамоии кишоварзон ва варзишгарон дидан намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии хеш ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, афзуд, ки бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз сол то сол шукуҳу шаҳомати хоса касб менамояд. Ин иди ниёгон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо талошҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии UNESCO шомил шуда, бо қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  мақому манзалати азалии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз соҳиб шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз доир гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим