4 апрели соли 2025 дар ҳошияи нахустин саммити «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо», миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузорӣ барои мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёт дар доираи рушди робитаҳои устувори нақлиётӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба имзо расид.
Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз тарафи Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ноиби Президенти бонк Кириякос Какурис имзо намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan