Изҳороти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба баимзорасии санадҳои муҳими таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон

02.04.2025 15:35

Созмони ҳамкории исломӣ

“Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни ин кишварҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар рафти Саммити сарони се кишвар  рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ҷараён гирифт, истиқбол намуд.

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ҷаноби Ҳусайн Иброҳим Тоҳо се кишвар, президентҳо ва мардумони онҳоро бо ин дастоварди таърихӣ, ки раванди аломатгузории марзии миёни давлатҳо ва музокироти ҳалли баҳсҳои марзии беш аз се даҳсола идомадоштаро хотима дода, ба равобити стратегии онҳо такони нав мебахшад, табрик гуфт.

Дар заминаи алоқамандии Созмони ҳамкории исломӣ ҷиҳати  таҳкими пайвандҳои бародарӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзо, Дабири кулли Созмон изҳори умед кард, ки ин дастоварди бузург миёни се кишвари бародар дар тақвияти пояҳои амният, субот, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа саҳмгузор хоҳад буд”.

 

Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC)

“Ҷаноби Ҷосим Муҳаммад Албудайвӣ - Дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс (GCC) аз Эъломияи Хуҷанд дар бораи таҳкими роҳҳои дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин аз Шартнома дар бораи муайян намудани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, ки рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, истиқбол намуд.

Ҷаноби Дабири кулл ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки муайян кардани нуқтаи пайвастшавии сарҳадии муштарак як гардиши таърихӣ чиҳати поён додани саҳифаи баҳсҳои марзӣ ба ҳисоб рафта, асоси роҳандозии муносибатҳои стратегӣ ба хотири таъмини амнияту субот ва тавсеаи ҷанбаҳои рушду шукуфоӣ ба нафъи мардумони онҳо хоҳад буд”.

 

Федератсияи Русия

“Федератсияи Русия аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи дӯстии абадӣ дар Хуҷанд дар доираи мулоқоти сарони Қирғизистон С.Н. Жапаров, Точикистон Э. Раҳмон ва Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев рӯзи 31 март дар Хуҷанд баргузор шуд истиқбол менамояд.

Русия ин тасмимҳоро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни иттифоқчиёни наздиктарини мо нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ мекунад. Созишномаҳои ба қайд гирифташуда ба рушди ҳамсоягии нек ва шарикии се давлат такони нав бахшида, ба таъмини суботу амният дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд”.

 

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Шоҳигарии Арабистони Саудиро аз имзои Шартномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни се кишвар баён мекунад.

Шоҳигарӣ табрикоти самимии худро ба ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар робита ба имзои Шартнома тақдим намуда, ба онҳо суботу шукуфоии бардавом таманно дорад.  

 

Амороти Муттаҳидаи Араб

"Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи таъсиси нуқтаи пайвасти сарҳадии сеҷониба, инчунин имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни се кишвар истиқбол кард.    

Ҷаноби Олӣ Аҳмад Бин Алӣ Ал Сайег, вазири давлатӣ, изҳор дошт, ки АМА изҳори умедворӣ мекунад, ки ин созишнома ҳамкорӣ ва рушдро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад ва сулҳу шукуфоӣ ва суботро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ тақвият мебахшад.

Ғайр аз ин, Ҷаноби Олӣ Ал Салеҳ робитаҳои зичи таърихии байни АМА ва се кишварро таъкид карда, ҷонибдории кишварро ба дастгирии талошҳои онҳо барои таҳкими сулҳ ва рушд тасдиқ кард. Ҷаноби олӣ инчунин аҳамияти муколамаи сулҳро ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли бӯҳронҳо ва баҳсҳо таъкид кард".

 

Давлати Қатар

"Давлати Қатар созишномаи байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бораи таъсиси нуқтаи пайвастшавӣ дар сарҳади сеҷонибаи байналмилалӣ ва имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ истиқбол мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Қатар изҳори умедворӣ мекунад, ки ин созишнома ба ҳамкорӣ ва ҳамгироии наздиктар байни се кишвар, инчунин амният ва субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Қатар бори дигар аз талошҳои ҳалли сулҳомези низоъҳо пуштибонии комили худро эълон карда, аҳамияти муколамаро барои нигоҳ доштани сулҳу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид мекунад".

 

Давлати Кувайт

"Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Давлати Кувайтро аз имзои Эъломияи Хуҷанд аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор менамояд. Ин эъломия ба таҳкими роҳҳои дӯстии абадӣ ва муайян намудани нуқтаи иттиҳоди сарҳадҳои байналмилалии се кишвар равона шудааст. Маросими имзои он рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025, дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Давлати Кувайт ин қадами мусбиро, ки руҳияи ҳамкорӣ ва ҳамсоягии некро инъикос менамояд, қадрдонӣ карда, дар ин замина таъкид мекунад, ки ин дастовард намунаи ибрат барои пойбандӣ ба роҳи муколама ва ҳалли масъалаҳои баҳсӣ бо роҳҳои дипломатӣ мебошад.

Ба ин муносибат, Вазорати корҳои хориҷӣ самимона ҳукуматҳо ва мардумони ҷумҳуриҳои дўсти Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро табрик гуфта, ба онҳо пешрафт ва шукуфоии доимиро таманно менамояд".

 

Ҷумҳурии Туркия

“Мо аз созишномаи 31 марти соли 2025 миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи муайян кардани нуқтаи марзи се кишвар истиқбол мекунем.

Мо итминон дорем, ки ин созишнома ба сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”.

Нигористон

Тақвим